Duration 4:35

АБДУРОЗИҚ: 1 МИЛЛИОНИ МАН ДАР ДАСТИ БАРОН

217 591 watched
0
2.2 K
Published 18 Nov 2021

Субҳи имрӯз дар Ютуб ва Инстаграм муроҷиатҳои видеоие пайдо шуданд, ки аз вайрон шудани муносибати Барон ва Абдурозиқ баъди ба Дубай рафтани Абдурозиқ дарак медиҳанд. Сароғоз Барон тариқи як навори видеоӣ ба мухлисонаш дарди дил карда, аз он шиква намуд, ки баъди ба Дубай рафтан Абдурозиқ тамоман одами дигар шудааст ва бо ӯ ҳатто гап задан намехоҳад. Аниқтараш шахсоне, ки айни замон Абдурозиқ бо онҳо кор карда истодааст, ба ӯ иҷозат намедиҳанд, ки бо Барон гап занад. Барон аз он ҳарос дорад, ки ин одамон Абдурозиқро шаш моҳ истифода бурда, аз ҳисоби ӯ пули калон кор мекунанд ва баъдан ин ҷавони бе пушту паноҳи тоҷикроба қавли маъруф “кидат” карда, дар мулки бегона тани танҳо мегузоранд, аммо... Абдурозиқ дар ҷавоби ин гуфтаҳои Барон як муроҷиати видеоӣ пахш карда, иддао мекунад, ки Барон планшет, сони, ноутбук ва дигар таҷҳизоти техникии ба ӯ тааллуқ доштаро аз худ кардааст Абдурозиқ дар ин навор дар бораи маблағҳои калони пулие ҳарф мезанад, ки моли ӯ буданд, вале он пулҳоро Барон ба ҷайби худ задааст. Ба гуфти Абдурозиқ барои барпо нашудани муҳорибаи ӯ бо Ҳазбулло як миллион рубл додаанд ва он маблағро Барон ба суратҳисоби шахси дигар гузаронида, ба Абдурозиқ ягон сум надодааст. “Канӣ он пулҳо?!”-мепурсад Абдурозиқ. Навори пахш намудаи Абдурзиқ хеле кӯтоҳ буда, дар охир вай бо суханони “Худо медонад, ки киро занад” ҳаволаи ин қазияро ба офаридгор месупорад, вале... Барон мегӯяд арабҳо ваъда додаанд, ки барои Абдурозиқ дар Дубай хона мехаранд ва барои як хона шуда, Абдурозиқ бародарони тоҷикашро фурӯхт.

Category

Show more

Comments - 1268